- гард
- I[گرد]1. асоси замони ҳозира аз гардидан ва гаштан2. ҷузъи пасини баъзе калимаҳои мураккаб ба маънои аз ҷое ба ҷое раванда, гарданда: дарёгард, шабгард, роҳи мошингард3. гардиш, гардиш кардан4. маҷ. чарх, осмон, рӯзгорII[گرد]1. чангу ғубор, хокреза; зарраҳои майдаи ҳар чиз, ки ба шакли чангу ғубор даромадааст (мас., гарди орд)2. маҷ. чизи ночиз, чизи беарзиш; гардҳои барф зарраҳои барф; гарди гул (растаниҳо) маҳсули шукуфаи гули растаниҳои тухмдор; гарду чанг // чангу гард чангу ғубор; гарду ғубор чангу хок; гард ангехтан чанг баровардан; гард-гард кардан а) майда-майда кардан, реза-реза кардан; б) маҷ. ба хок яксон кардан, гард аз чизе баровардан; гард-гард шудан майда-майда шудан, реза-реза шудан; шикаста пора-пора шудан◊ гарди ғам нишонаи ғам, асари андӯҳ; гарди ҷоеро хӯрдан ба шароиту ҳолати ҷое ё чизе нағз шинос шудан; воқиф шудан аз қоидаву қонун ва сирру асрори ҷое; гард аз чизе баровардан тамоман поймол карда нобуд сохтан, несту нобуд кардан; ба домани касе гарде нишастан айбдор (доғдор) шудани касе, халал расидан ба обрӯю эътибори касе; гардаш ҳам намемонд ба куллӣ нобуд мешуд; ҳеҷ чиз намемонд
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.